Низоми амалкунандаи «Windows» яке аз низомҳои амалкунандаи маъмултарин дар ҷаҳон мебошад. Дар натиҷа, дастгоҳҳо бо низоми амалкунандаи «Windows» одатан аз тарафи ҳакерон ва ҳамлакунандагон ҳадафи асосӣ буда, зарар мебинанд ва метавонанд қасдан қобили ҳамла шаванд, агар шумо чораҳои дурустро ба назар нагиред. Шумо метавонед ҳаёти рақамии худро тавассути истифодаи «VPN» барои рамзгузорӣ кардани фаъолияти худ дар онлайн муҳофизат кунед, аз он ҷумла, шумо метавонед аз баъзе қадамҳои дигар ба монанди навсозӣ кардани нармафзори худ, эҷод кардани ниҳонвожаҳои қавӣ ва истифода кардани ниқобҳои «Relay» барои ҳифз кардани нишонии почтаи электронии худ, истифода баред.
«VPN» барои маълумоти интернетии шумо дар байни компютери «Windows» ва шабакаи Интернет «нақби» рамзгузоришударо месозад ва ҷойгиршавии шуморо аз сомонаҳое, ки шумо боздид мекунед, ниқоб пӯшида пинҳон мекунад. Ин чора ёрӣ медиҳад, то ки шахсони сеюм, одамони бегона ва ҷосусони шабакавӣ аз таҳлил ва омӯхтани маълумоти шахсии шумо, ки онҳо бояд надонанд, манъ ва пешгирӣ карда шаванд.
Боргирӣ кардани «Mozilla VPN» барои дастгоҳи ман бо низоми амалкунандаи «Windows» чӣ бартарӣ дорад?
- Фаъолияти онлайни худро аз ҷамъоварӣ ва мубодилаи он бо шахсони сеюм ё таблиғгарон ҳифз намоед.
- Агар шумо корбари бузург бошед ва видеоҳо ё мусиқии худро дар онлайн ҷараён кунед, шумо эҳтимолан мехоҳед ва метавонед, ки бо истифода аз «VPN» қобилияти интиқолҳои шумо дар шабака маҳдуд карда нашаванд ё аз ҷониби таъминкунандаи хизматрасонии Интернети шумо қатъ карда нашаванд.
- Шумо метавонед баъзе барномаҳоро тавассути хусусияти нақби тақсимкунӣ истисно намоед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки баъзе барномаҳо танҳо тавассути «VPN» кор кунанд ва барномаҳои дигар берун аз нақб гузошта шаванд.
- Истифодаи дастгоҳҳо бо низоми амалкунандаи «Windows» дар шабакаҳои «Wi-Fi»-и ҷамъиятӣ ва беназорат интиқоли маълумоти шахсии шуморо тавассути Интернет барои ҷосусони шабакавӣ дастрас мекунад ва «VPN» метавонад ба шумо бо илова кардани қабати пурқуввати муҳофизат кумак расонад, то ки маълумоти шумо дар онлайн ба таври махфӣ нигоҳ дошта шавад.
Барномаи «Mozilla VPN» ҳофизаи дастгоҳҳои «Windows»-и шуморо аз ҳад зиёд истифода намебарад, кори компютери шуморо суст намекунад ва муҳлати корӣ ё қувваи батареяи шуморо беҳуда сарф намекунад.
«Mozilla VPN» дар дастгоҳҳо бо низомҳои амалкунандаи «Windows 10» ва «Windows 11» дастгирӣ карда мешавад ва шумо метавонед онро дар то панҷ дастгоҳ истифода баред. Барои оғози кор, шумо метавонед дар сомонаи mozilla.org обуна шавед ва барномаро дар дастгоҳи «Windows»-и худ боргирӣ намоед.