«VPN» (шабакаи хусусии маҷозӣ) барои махфият ва амнияти шумо дар онлайн ҳангоми истифодаи дастгоҳи «Mac» ҳатмӣ аст. Ҳакерҳо ва таъминкунандаҳои хизматрасонии Интернет метавонанд дар бораи фаъолияти онлайни шумо ҷосусӣ кунанд ё маълумоти шахсии шуморо дуздӣ кунанд.
Аммо ба даст овардани «VPN»-и хуб метавонад душвор бошад. Баъзе аз онҳо суст ё беэътимод мебошанд ва ҳатто сабти фаъолияти онлайни шуморо нигоҳ медоранд. Бинобар ин, мо «Mozilla VPN»-ро таҳия кардем, ки «VPN»-и зудамал, бехатар ва боэътимод мебошад ва аз ҷониби одамоне сохта шудааст, ки ба шумо браузери «Firefox»-ро овардаанд.
Ба воситаи «Mozilla VPN» шумо метавонед:
- Махфияти худро тавассути интерфейси осон ва дӯстона бо зер кардани танҳо як тугма ҳифз намоед.
- Ба воситаи як обуна то 5 дастгоҳи гуногунро пайваст кунед, аз он ҷумла дастгоҳи «Mac», аммо инчунин, дастгоҳҳои «iOS», «Windows», «Linux» ва «Android».
- «VPN»-и моро ба қадри даркорӣ истифода баред. Нисбат ба баъзе «VPN»-ҳои дигар, ки маълумоти шахсиро танҳо дар ҳудуди муайяни як моҳ муҳофизат мекунанд, мо интиқоли маълумоти шуморо маҳдуд намекунем. Новобаста аз он, ки шумо чӣ қадар маълумотро истифода мебаред, он ҳамеша ҳифз карда мешавад.
- Барои интиқоли маълумоти худ, аз рамзгузории сатҳи дастгоҳ истифода баред. Нисбат ба имкониятҳои дигар, ки интиқоли маълумоти шуморо танҳо дар ҳудуди браузер рамзгузорӣ мекунанд, «Mozilla VPN» ҳамаи чизҳои шуморо рамзгузорӣ мекунад ва интиқоли маълумоти шуморо тавассути Интернет новобаста аз он, ки кадом барнома дар он истифода мешавад, муҳофизат мекунад.
- Нагузоред, ки таъминкунандаҳои хизматрасонии Интернет ба шумо халал расонанд ё сомонаҳо ва хизматрасониҳеро, ки ба онҳо маъқул нестанд ё бо пешниҳодҳои онҳо рақобат мекунанд, манъ кунанд. Барои маълумоти бештар шумо метавонед дар бораи «Бетарафии шабакавӣ» хонед.
Чаро «Mozilla VPN»?
Ташкилоти «Mozilla» - ин созмонест, ки барои ба таври кушода ва дастрас нигоҳ доштани Интернет барои ҳамаи мо кор мекунад ва моро дар асоси фаъолияти ғайритиҷоратӣ дастгирӣ мекунад. Вақте ки шумо «Mozilla VPN»-ро истифода мебаред, шумо на танҳо худро дар Интернет муҳофизат мекунед, балки вазифаҳо ва рисолати «Mozilla»-ро низ дастгирӣ мекунед. «Mozilla VPN» бехатар, дорои рамзи манбаи кушод буда, аз ҷониби коршиносони соҳаи амнияти киберӣ ва созандагони браузери «Firefox» таҳия шудааст.
Ташкилоти «Mozilla» сомонаҳоеро, ки шумо тамошо мекунед, ба феҳристҳо сабт намекунад ё паёмҳои шуморо тафтиш намекунад. Мо, инчунин, кафолати 30-рӯзаро барои бозпардохти маблағи шумо бе ягон мушкилӣ ва бе ягон хавф пешниҳод мекунем.