Принсипҳои махфияти маълумот

Панҷ принсипи зерин аз Санадҳои асосии «Mozilla» ба вуҷуд меоянд ва муайян мекунанд, ки мо чӣ гуна фаъолият мекунем:

  • маҳсулот ва хизматрасониҳои худро рушд медиҳем
  • маълумоти корбаронеро, ки мо ҷамъ мекунем, идора менамоем
  • шариконро интихоб мекунем ва бо онҳо ҳамкорӣ менамоем
  • сиёсати иҷтимоӣ ва кори таблиғотии худро ташаккул медиҳем
  1. Бе ягон тааҷҷуб

    Мо маълумоти шахсиро ба тарзе истифода ва мубодила мекунем, ки амалҳои мо ҳамеша шаффоф мебошанд ва ба корбар фоида мерасонанд.

  2. Корбар идора мекунад

    Маҳсулотро таҳия кунед ва таҷрибаҳои беҳтаринеро, ки корбаронро дар ихтиёри маълумот ва таҷрибаи онлайни худ қарор медиҳанд, ҳимоя кунед.

  3. Маълумоти маҳдуд

    Мо танҳо он чизеро, ки ба мо лозим аст, ҷамъ мекунем, маълумотро ба қадри ҳол беном мекунем ва вақте ки маълумот дигар лозим нест, онро нест мекунем.

  4. Танзимоти хирадманд

    Тавозуни хирадмандро байни чораҳои амният ва таҷрибаи корбар тарҳрезӣ мекунем.

  5. Муҳофизати ҷиддӣ

    Назорати бисёрқабатаи амният ва амалияҳоро нигоҳ медорем, ки бисёре аз онҳо аз ҷониби шумораи зиёди корбарон санҷида мешаванд.