Ба фазои Интернет тавассути браузери «Firefox» барои «Android» якбора дароед
Бо браузери «Firefox» барои «Android» ҳамаи варақаҳои кушодашуда, ҷустуҷӯҳои охирин ва сомонаҳои дӯстдоштаи худро дар як ҷой аз назар гузаронед.
Ба даст овардани «Firefox» дар «Android»
Барои оғози кор бо барнома рамзи «QR»-ро тасвирбардорӣ намоед.

Тез ва хусусӣ
Браузери «Firefox» барои низоми «Android» муҳофизати махфияти шуморо ба осонӣ таъмин менамояд ва ҳамроҳ саҳифаҳоро барқосо бор мекунад. Муҳофизати такмилёфта аз пайгирӣ ҳар гуна васоити пайгириеро ба таври худкор манъ мекунад, ки шуморо дар соросари Интернет пайгирӣ мекунанд ва кушоиши саҳифаҳои шуморо суст мекунанд.
Ба реҷаи «Тамошобинии хусусӣ» бо як ламс гузаред
Танҳо бо зер кардани як тугма ба Реҷаи «Тамошобинии хусусӣ» ворид шавед. Ва вақте ки шумо Реҷаи «Тамошобинии хусусӣ»-ро пӯшед, таърихи тамошобинии шумо ба таври худкор аз дастгоҳи шумо нест карда мешавад.
Ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ кунед
Got a big phone and normal sized thumbs? No problem. Firefox for Android lets you move the search bar from the top to the bottom making it easier to use with one hand. You can also choose your own search engine within the browser, and set Firefox as your default browser if you want.
Ба воситаи реҷаи «Торик» қувваи барқро сарфа намоед
Шумо метавонед дар вақти дилхоҳ ба реҷаи торик гузаред, то хастагии чашмро кам кунед ва батареяи дастгоҳро сарфа кунед.
Соҳиби экрани асосии худ шавед
Ба қисматҳои муҳими Интернет зудтар дастрасӣ пайдо кунед. Ҳамаи варақаҳои кушодашуда, ҷустуҷӯҳои охирин, хатбаракҳо ва сомонаҳои дӯстдоштаи худро дар як ҷой аз назар гузаронед — ба ихтиёри худ.
Браузери «Firefox»-ро бо ҷузъҳои иловагӣ пурқувват кунед
Ҷузъҳои иловагӣ мисли абзорҳои хурди пуриқтидоре ҳастанд, ки ба шумо имкон медиҳанд, то тавонед танзимоти махфияти худро беҳтар кунед, таҷрибаи тамошобинии сомонаҳоро шахсӣ гардонед ва аз браузери худ ҳар чӣ бештар истифода баред.
Ба он ҷое, ки шумо ба қарибӣ тамошо кардаед, баргардонед
Аз телефони худ ба ноутбук, планшет ва баръакс ба телефон бевосита гузаред. Бо браузери «Firefox»-и насбшуда дар ҳамаи дастгоҳҳои худ, шумо метавонед хатбаракҳо, ниҳонвожаҳо, воридшавиҳои нигоҳдошташуда ва таърихи тамошобинии худро ба ҳар куҷое, ки шумо наравед, бо худ баред.
Аз экрани асосии телефони худ ҷустуҷӯ кунед
Шарт нест, ки барномаро кушед. Виҷети ҷустуҷӯии «Firefox»-ро илова кунед ва мустақиман аз экрани асосии дастгоҳи худ дар Интернет ҷустуҷӯ намоед.
Видеоҳоро ба экрани худ васл кунед
Видеоҳоро аз сомонаҳо ё плеерҳои дарунсохт берун бароред ва онҳоро дар болои экрани телефони худ васл кунед, то тавонед ҳангоми тамошобинӣ дар интернет ва иҷрои корҳои дигар видеоҳоро тамошо кунед. Ҳангоми иҷрои бисёр вазифаҳо вақтхуш бошед.
Дар бораи «Mozilla»
Ташкилоти «Mozilla» барои сохтани Интернет ҳамчун манбаи ҷамъиятӣ барои ҳамаи мо фаъолият дорад, зеро ки мо боварӣ дорем, ки Интернети кушода ва озод нисбат ба Интернети пӯшида ва назоратшаванда беҳтар аст. Мо маҳсулотеро монанд ба «Firefox» ва «Pocket» месозем, то онҳо имкони интихоб, шаффофият ва назоратро пешбарӣ кунанд.
