Интернет барои ҳамаи мо ба мисли нерӯи барқ ва таъмини об муҳим шудааст, аз ин рӯ, интихоби беҳтарин браузер барои шумо бештар аз ҳарвақта муҳимтар аст. Интернет як идораи дигар, як омӯзгори дигар ва баъзан мушовири тиббӣ мебошад, ҳатто агар пизишки воқеии шумо бартарӣ диҳад, ки шумо бояд аломатҳои худро дар онлайн муайян накунед.
Дар миёнаҳои солҳои навадум, «Netscape», «Internet Explorer» ва «AOL» дар манзараи Интернет бартарӣ доштанд. Дар он замони шавқовар оҳанги форам аз рақамзании пайвасти Интернет дар саросари ҷаҳон садо дод. Шумо маънои сабру тоқатро аз боркунӣ ва кушоиши саҳифаҳои сомонаҳо фаҳмидед. Он вақт, аз ҳама чизи муҳим - ин суръати браузер буд.
Имрӯз вазъият дигар аст. Реклама, вайронкунии махфияту амният ва хабарҳои бардурӯғ метавонанд шуморо водор кунанд, ки сифатҳои дигари браузерро аз назар гузаронед. Чӣ тавр браузер махфияти шуморо муҳофизат мекунад? Оё он ба васоити пайгирӣ имкон медиҳад, ки онҳо шуморо дар саросари интернет пайгирӣ кунанд? Оё он барои дар як вақт иҷро кардани якчанд вазифа ва кор кардан бо якчанд компютер ва амалиёти интернетӣ сохта шудааст?
Агар шумо дар ҳайрат афтода бошед, ки доштани браузери хусусӣ ё тезкор чӣ маъно дорад, дар ин ҷо се чизе аст, ки браузер бояд дошта бошад.
Браузере, ки барои суръат сохта шудааст.
Браузер то ҳол, бегумон, як абзори муҳим аст, ва маҳз барои ҳамин шумо бояд барои иҷрои корҳо ва вазифаҳои худ як браузери беҳтаринро интихоб намоед. Агар шумо инсон бошед ва барои танҳо зинда мондан бояд кор кунед, он гоҳ ба шумо браузери босуръат барои кор дар Интернет лозим мешавад. Як чизи муҳим аст, ки шумо бояд дар ёд нигоҳ доред: он браузере, ки ба васоити пайгирии тарафҳои сеюм иҷозат медиҳад, эҳтимолан нисбат ба он браузере, ки онҳоро маҳдуд мекунад, сусттар кор мекунад. Васоити пайгирии тарафҳои сеюм - ин кукиҳое ҳастанд, ки шумо онҳоро намебинед, аммо онҳо дар пасзаминаи сомона фаъол буда, вақти қиматбаҳои шуморо сарф мекунанд. Чӣ қадаре, ки браузер васоити пайгирии тарафҳои сеюмро бештар маҳдуд мекунад, ҳамон андоза браузер самараноктар ва тезтар амал мекунад.
Ин яке аз сабабҳои зиёди дигар барои интихоби браузери «Firefox» мебошад: «Firefox» васоити пайгирии тарафҳои сеюмро ба таври пешфарз манъ мекунад. Мо далелҳои дигари муҳим низ дорем ва дар бораи онҳо дертар маълумот медиҳем.
Браузере, ки бехатариро дар ҷои аввал мегузорад.
Шумо охирин гумшавии бузурги маълумотро ба ёд доред? Агар не, эҳтимолан ин ба он хотир аст, ки чунин ҳодисаҳо хеле зуд-зуд ба миён меоянд. Ширкатҳо маълумоти муштариёнро нигоҳ медоранд — мисли маълумоти шахсӣ ё молиявии онҳо — ва ҳакерҳо онро медузданд. Агар шумо амниятро дар сатҳи воло қарор диҳед, пас як браузери амни интернетӣ — беҳтарин интихоб барои шумост.
Якчанд роҳ вуҷуд дорад, ки браузер метавонад ба корбарони худ барои таъмини амният кумак расонад. Браузере, ки бо технологияи охирини амниятӣ навсозӣ шудааст, метавонад компютер ва сомонаҳои шуморо аз меҳмонони номатлуб, ба мисли нармафзори зараровар ё вирусҳои компютерӣ, муҳофизат кунад.
Дуюм ин аст, ки браузер набояд миқдори зиёди маълумоти корбарро нигоҳ дорад. Ҳакерҳо наметавонанд чизеро дузданд, агар он маълумот дар он ҷо набошад. Аз ҳамин сабаб, браузери «Firefox» танҳо ҳадди ақали маълумотро дар бораи корбарони худ нигоҳ медорад. Бо камоли эҳтиром ба махфияти шумо, браузери «Firefox» медонад, ки шумо танҳо аз браузер истифода мебаред ва дар кадом минтақаи умумӣ қарор доред, аммо на лақаби ҷонвари хонагии шумо ва на ранги дӯстдоштаи шуморо ҳам намедонад.
Ва ниҳоят, аммо на камаҳамият: як браузери боамну эҳтиёткор бояд абзорҳоеро пешниҳод кунад, ки ба шумо дар назорат кардани ҳисобҳои шахсиатон кумак мерасонанд. Масалан, огоҳиҳое, ки дар ҳолати дуздӣ ё ошкор шудани ягон маълумоти ҳисоби шумо, ба нишонии почтаи электронии шумо фиристода мешаванд, ё нишондиҳандаҳое, ки хабар медиҳанд оё сомона рамзгузорӣ шудааст ё не (масалан, барои фаҳмидани он, ки ворид кардани рақами корти бонкӣ дар сомонаи харидорӣ ё мағозаи онлайн амали оқилона аст ё не).
Браузери «Firefox» чизе наверо барои таъмини амнияти шумо пешниҳод мекунад: Mozilla Monitor. Ин як хидмати ройгон аст, ки шуморо дар ҳолати дуздӣ ё ошкор шудани маълумоти шахсии ҳисоби шумо ё паҳн гардидани он дар фазои иҷтимоӣ ва умумӣ огоҳ мекунад ва, инчунин, ба шумо хабар медиҳад, ки оё ҳисобҳои шумо дар замони гузашта ҳам ҳадафи ҳакерҳо қарор гирифта буданд ё не. Як хусусияти ҷолиби дигар — «Қулфи сабз» аст. Он ҳамчун як нишондиҳандаи хурди сабз дар қисми тарафи чапи болоии равзанаи браузер намоён мешавад. Агар шумо дар браузери «Firefox» бошед ва «Қулфи сабз»-ро бинед, ин маънои онро дорад, ки сомона аз воситаҳои рамзгузорӣ ва амниятӣ истифода мебарад. Агар қулф дар ҳолати хокистариранг бошад, пас беҳтар аст, ки шумо дар бораи ворид кардани маълумоти ҳассос ду бор фикр кунед.
Браузере, ки вазифаи худро бо сифати аъло иҷро мекунад.
Махфият дар интернет яке аз масъалаҳои бисёр муҳим ба шумор меравад. Агар ҳифзи маълумоти шахсӣ дар ҷои аввали афзалиятҳои шумо қарор дошта бошад, пас зарур аст, ки браузереро интихоб намоед, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунад. Ҳангоми интихоби беҳтарин браузери хусусӣ, ба сиёсати пайгирии он ва тарзи коркарди маълумоти шахсии шумо диққати махсус диҳед. Чунин ба назар мерасад, ки ин саволҳои техникӣ мебошанд, аммо маҳз ҳамин гуна ҷузъиёти муҳим муайян мекунанд, ки кадом браузерҳо дар масъалаи махфият аз дигарон беҳтаранд.
Васоити пайгирӣ — ин ҳамон паёмҳои безоркунандаи «кукиҳо» мебошанд, ки дар сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва дигар сомонаҳо мебинед. Ин васоити пайгирии тарафи сеюм медонанд, ки шумо дар куҷо зер ё пахш мекунед, ва метавонанд барои таҳлил кардани рафтори шумо дар Интернет истифода шаванд. Браузери хусусӣ бояд ба корбарон имконият диҳад, ки васоити пайгирии тарафи сеюмро ғайрифаъол кунанд, вале дар сатҳи олӣ, ҳамаи он васоити пайгирӣ бояд аз аввал ғайрифаъол бошанд.
Роҳи дигари боздоштани равандҳои пайгирӣ аз тарафи васоити пайгирӣ дар истифодаи реҷаи хусусӣ барои дидани сомонаҳо асос меёбад. Ҳар як браузере, ки худро ҳамчун «Браузери хусусӣ» мешуморад, бояд имкони дидани саҳифаҳоро дар реҷаи хусусӣ пешниҳод намояд.
Яке аз роҳҳои осон барои санҷидани браузер дар он аст, ки шумо бояд ба саҳифаи танзимоти муҳтаво ва сиёсати махфияти браузер гузаред. Саҳифаи махфият бояд тавзеҳ диҳад, ки оё маълумоти шумо мубодила карда мешавад ё на, ва агар мубодила карда шавад, он гоҳ ба кадом мақсадҳо маълумот гиред. Ба ҳамин сабаб, Firefox огоҳномаи махфият ҳам барои хондан ва ҳам барои ёфтан осон аст.
Интихоби браузери беҳтарин барои худ ба интихоби хонаи мувофиқ монанд аст. Шумо бояд имконоти худро омӯзед, каме тадқиқот гузаронед ва дар асоси он чизе, ки барои шумо муҳим аст, қарори хубро қабул кунед.
Дар лоиҳаи «Firefox», мо саъю кӯшиш кардем, ки браузереро созем, ки акнун ду маротиба зудтар аз версияҳои пешина мебошад ва ба корбарон назорати бештар дар ҳаёти онлайн медиҳад.