Таърихи лоиҳаи «Mozilla»
Лоиҳаи «Mozilla» дар соли 1998 дар ҳамроҳӣ бо нашри манбаи рамзи браузери «Netscape» эҷод карда шудааст. Ин лоиҳа барои истифодаи нерӯи эҷодии ҳазорҳо нафару барномасозон дар Интернет ва баланд бардоштани сатҳи бесобиқаи навоварӣ дар бозори браузер пешбинӣ шуда буд. Дар давоми соли аввал, аъзои нави ҷомеаи мо аз саросари ҷаҳон аллакай ба имконоти нави браузер саҳм гузоштанд, хусусиятҳои мавҷударо такмил доданд ва ба идоракунӣ ва банақшагирии худи лоиҳа машғул шуданд.
Бо таъсис додани ҷомеаи кушод, лоиҳаи «Mozilla» нисбат ба ташкилотҳои дигар калонтар шуд. Аъзои ҷомеа ҷалб шуда, доираи рисолати аслии лоиҳаро васеъ карданд — ба ҷойи кор кардан дар браузери навбатии «Netscape», одамон диққати худро ба эҷод кардани браузерҳои гуногун, абзорҳои барномарезӣ ва як қатор лоиҳаҳои дигар ҷалб намуданд. Одамон бо роҳҳои гуногун ба «Mozilla» саҳм гузоштанд, аммо ҳар як кас бо эҷоди нармафзори ройгоне дӯст шуданд, ки ба одамон имкон медиҳад, то онҳо тавонанд таҷрибаи шахсиро барои кор дар Интернет интихоб намоянд.
Пас аз чанд соли барномарезӣ, аввалин версияи асосӣ бо номи «Mozilla 1.0» дар соли 2002 бароварда шуд. Дар ин версия бисёр такмилҳо ба браузер, барномаи почтаи электронӣ ва барномаҳои дигаре, ки ба маҷмуи барномаҳо илова шудаанд, татбиқ карда шудаанд, вале на он қадар бисёр одамон аз он истифода мекарданд. То соли 2002, зиёда аз 90% дарсади корбарони Интернет аз браузери интернетии «Internet Explorer» истифода мекарданд. Он вақт бисёр одамон пайхас намекарданд, аммо версияи аввалини браузери «Phoenix» (баъдан ба номи «Firefox» иваз карда шуд), инчунин, дар ҳамон сол аз ҷониби аъзои ҷамъияти «Mozilla» бо ҳадафи таъмини беҳтарин таҷриба дар истифодаи Интернет ба доираи васеи одамон бароварда шуда буд.
Дар соли 2003 лоиҳаи «Mozilla» расман «Бунёди Mozilla»-ро таъсис дод, ки ташкилоти мустақили ғайритиҷоратӣ буда, аз ҷониби донорҳои инфиродӣ ва ширкатҳои гуногун дастгирӣ карда шуд. Муассисаи нави «Бунёди Mozilla» нақши асосии идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи лоиҳаро идома дод ва инчунин расман нақши пешбурди принсипҳои кушодагӣ, навоварӣ ва имкониятҳои навро дар Интернет ба уҳда гирифт. Ин ба туфайли барориши доимии нармафзор, ба монанди «Firefox» ва «Thunderbird», ва фарогирии соҳаҳои нав, чунончӣ, таъмин намудани грантҳо барои дастгирии мукаммалсозии қобилияти дастрасӣ дар Интернет, имконпазир гардид.
Дар соли 2004 браузери «Firefox» бо версияи 1.0 бароварда шуд — ва дар муддати камтар аз як сол ба муваффақияти калон ноил шуда, зиёда аз 100 миллион маротиба боргирӣ карда шуд. Версияҳои нави «Firefox» аз он вақт инҷониб мунтазам нашр мешаванд ва рекордҳои навро бардавом мегузоранд. Маъруфияти «Firefox» барои баргардонидани имконияти интихоб ба корбарон кумак кард. Рақобати навшуда инноватсияро суръат бахшид ва Интернетро барои ҳар як кас дар саросари ҷаҳон беҳтар кард.
Дар соли 2013, барои озод кардани қувваи пурраи қобилияти Интернет дар смартфонҳо ва аз нав пешниҳод кардани имкониятҳои идоракунӣ ва интихоби озод ба одамони насли наве, ки ба Интернет меоянд, мо низоми амалкунандаи «Firefox OS»-ро оғоз кардем.
Дар соли 2013 «Mozilla», инчунин, ҷашни 15-солагии ҷамъиятро таҷлил намуданд. Ҷомеаи мо нишон дод, ки ширкатҳои тиҷоратӣ метавонанд тавассути ҳамкорӣ дар лоиҳаҳо бо манбаи кушод фоидаи худро ба даст оранд ва маҳсулоти бузург барои истифодабарандагони ниҳоӣ метавонанд ҳамчун нармафзор бо манбаи кушод истеҳсол карда шаванд. Имрӯз, ки аз ҳарвақта дида, бештар одамон ба Интернет дастрасӣ пайдо мекунанд ва онро дар забонҳои модариашон истифода мебаранд. Ташкилоти устуворе таъсис дода шуд, ки барои дастгирии рисолати манфиатҳои ҷамъиятӣ механизмҳои бозориро истифода мебарад ва ин модели идора аз ҷониби дигарон барои таъсиси ташкилотҳои кушод, шаффоф ва муштарак дар доираи васеи соҳаҳо ҳамчун таҷрибаи беҳтарин такрор карда шуд.
Оянда пур аз масъалаҳои гуногун ва имкониятҳои нав мебошад, ки ба замони гузаштаи мо баробар аст. Ҳеҷ кафолате нест, ки Интернет дар вазъи кушод ё лаззатбахш, ё бехатар боқӣ мемонад. Ҷамъияти «Mozilla» ба корбарони Интернет имкониятҳои изҳори назар ва ташаккули ҳаёти шахсии худро дар онлайн таъмин менамояд. Албатта, мо дар ин кору фаъолият танҳо нестем. Ҷамъияти «Mozilla» дар якҷоягӣ бо лоиҳаҳои дигар бо манбаи кушод ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии фоидаовар, танҳо ба хотири одамоне вуҷуд дорад, ки барои амалисозии ҳадафҳои умумии мо ва табдили онҳо ба воқеият машғул мебошанд. Агар шумо хоҳед, ки ба рисолати мо ҳамроҳ шавед, марҳамат, иштирок кунед.
Барои маълумоти бештар дар бораи таърихи «Mozilla», ба моводи зерин нигаред:
- Хатбаракҳои «Mozilla»
- Ҷадвали кори лоиҳаи «Mozilla»
- Бонки ҳофизаи рақамии «Mozilla»
- Таърихи эълонномаҳои «Firefox» ва «Mozilla» (дар забони англисӣ ва ҷопонӣ дастрасанд)